Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон хостори танзими оби ОМ шуд


Дар Душанбе конфронси байналмиллалӣ роҷеъ ба масъалаҳои таъмини об идома дорад. Дар маросими гушоиши кори ин конфронс Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон суханронӣ кард ва гуфт, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон тақрибан
1-миллиард одам ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надорад. Дар 80 кишвари ҷаҳон камбуди об эҳсос мешавад. Дар робита бо масоили оби Осиёи Марказӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон хотирнишон сохт, ки 80 дарсади оби минтақа аз ду кишвари болооб аз Тоҷикистону Қирғизистон сарчашма мегирад ва 85 дарсади онро кишварҳои поёноби минтақа истифода мекунанд. Оқои Раҳмон зимни суханони худ гуфт, барои ҳали душвориҳои марбут ба баҳри Арал баъзе кишварҳо мехоҳанд воқеиятро дигаргуна ҷилва диҳанд. Раиси ҷумҳур ба ин нукта ишора кард, ки масъалаи оби Осиёи Марказӣ дар сатҳи байналмиллалӣ бояд ҳал шавад.
XS
SM
MD
LG