Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роғун ба нерӯи бепули донишҷӯён ниёз надорад"


Донишгоҳҳои Тоҷикистон, ба хотири кӯмак ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун, дастаҳои сохтмонӣ ташкил дода ва барои сафарбарии онҳо омода шудаанд. Аммо масъулини сохтмони Роғун гуфтаанд, ки ба кӯмаки донишҷӯён ниёз надоранд.

Аксар донишгоҳҳи кишвар сар аз зимистон, дар пайи муроҷиати раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мавриди истифода аз нерӯи донишҷӯён дар корҳои сохтмонии нерӯгоҳи Роғун дар замони таътили тобистонӣ, ба ташкили гурӯҳҳои сохмтонӣ шурӯъ карда буданд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар ин миён пешсаф буд. Дар ин муассисаи таълимӣ, донишҷӯёни курсҳои якум ва дуввум тариқи эълон, барои ширкат ва кӯмак дар сохтмони нерӯгоҳ даъват шуданд.

Дастаҳои омодаи донишгоҳҳи тиббӣ ва техникӣ

Фирӯз Одинаев, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи тиббӣ мегӯяд, дар ин муассиса аз ҳисоби беш аз 60 донишҷӯйи хоҳишманд дастаҳои сохмтончиён ва табибони ҷавон ташкил шудааст. Онҳо омодаанд тайи 2 моҳи таътил бидуни ҳақмузд дар бунёди ин тарҳ хизмат кунанд.

Фирӯз Одинаев афзуд: «Дар мактубе, ки дар ин маврид ба мо омадааст, гуфта шудааст, ки донишҷӯён ба корҳои берун аз нақб ҷалб мешаванд. Масалан, дар кӯчонидани аҳолие, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд ба маҳалли дигар».

Дар Донишгоҳои техникии кишвар, ки барои кӯмак дар бунёди нерӯгоҳи Роғун се дастаи сохмтонӣ ташкил шудааст, ин шабу рӯз ҷиҳати бехатарӣ ва шеваи кор дар ин сохтмон, миёни ихтиёриён корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ гузаронида мешавад.

Илҳом Амонов, мувоини раиси Донишгоҳи техникӣ мегӯяд, ба ин дастаҳо аксаран донишҷӯёни бахшҳои марбут ба энержӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ҷалб шудаанд, ки ширкату кӯмак дар корҳои сохтмонии нерӯгоҳи Роғӯн барои онҳо ҳамчунин як таҷрибаи хуб ҳам хоҳад буд.

Ӯ мегӯяд: «Агар донишҷӯёни мо рафта дар ин сохтмонҳо ширкат варзанд ва фаъолият намоянд, дар амал тарҷрибаи худро зиёд мекунанд».

Ба ин тартиб, донишгоҳҳо руйхати донишҷӯёни хоҳишманди худро ба вазорати маорифи кишвар пешниҳод кардаву феълан интизори муайян шудани таърихи сафаранд.

"Ба нерӯи шумо ниёз надорем!"

Аммо вазорати маориф мегӯяд, феълан масъалаи бурдани донишҷӯён ба нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби ҳукумат мушаххас нест. Чун мақомоти масъули сохтмони ин нерӯгоҳ бо номае ба ҳукумати кишвар ва вазоратҳои дахлдор муроҷиат кардаанд, ки феълан дар маҳалли сохтмон ба нерӯи донишҷӯён зарурат нест.

Ба қавли коршиносон як иллати худдорӣ аз ҷалби ҷавонон дар корҳои сохтмонии Роғун, шояд дар суръати на чандон хуби кор ва набуди имкони таъмину фарогирии онҳо дар ин маҳал аст.

Агар ба Роғун нараванд, пас чӣ кор кунанд?

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, таҷрибаи истифода аз нерӯи ҷавонон ба хусус донишҷӯён, дар иншоотҳои бузурги замони шуравӣ зиёд мушоҳида мешуд ва ин таҷрибаи хубу муфид аст.

Ӯ мегӯяд: «Мушкил сари ин аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон майдоне, ки аз нерӯи ҷавонон тайи се моҳи тобистон истифода шавад, вуҷуд надорад. Ба назари ман, агар майдони фаррох бошаду ҷой бошад мақомот метавонанд бо маоши камтар ва шароити хуб роҳат аз нерӯи ҷавонон истифода кунанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки бештар аз як моҳ аст, дигар аз телевизионҳои давлатии кишвар истилоҳи Роғунро кам шунидан мумкин аст ва саҳмгузорӣ ба сохтмони ин нерӯгоҳу фурӯши саҳмияҳои он дигар тарғибу ташвиқ намешавад.
XS
SM
MD
LG