Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи Туркия барои эъмоли фишор ба Исроил


Туркия зимни ҳамоиши минтақавии имрӯза дар шаҳри Истанбул саъй хоҳад кард, то ҳимояти ҳамсояҳояш дар Ховари Миёна ва Осиёро барои эъмоли фишор ба Исроил ба даст орад. Нерӯҳои ин кишвар рӯзи 31 май дар як киштии кӯмаки хайрия барои Навори Ғазза нӯҳ шаҳрванди Туркияро куштанд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия дар ҳошияи конфронси Муколама ва Эътимодсозӣ дар Осиё бо Владимир Путин, нахуствазири Русия гуфтӯгу хоҳад кард. Киштии Мавӣ Мармара бо сарпарастии маллоҳони турк, рӯзи 31 май саъй кард, то ба шикастани муҳосираи иқтисодии Ғазза аз тарафи Исроил ба ин минтақа кӯмаки хайрия бирасонад. Аҳмад Довудоғлӯ, вазири умури хориҷаи Туркия дирӯз гуфт, агар Исроил пешниҳоди таҳқиқи байналмилалӣ дар мавриди юриш ба киштиро рад кунад, оддисозии равобит бо он кишвар “имконнопазир аст.”
XS
SM
MD
LG