Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қатънома алайҳи Эрон омода шудааст


Раъйгирӣ дар мавриди тарҳи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои эъмоли таҳримоти тоза алайҳи Эрон ба зудӣ сурат хоҳад гирифт. Клод Ҳеллер, сафири Мексика дар Созмони Милал ва раҳбари Шӯрои Амният, гуфт, аъзои шӯро тасмим гирифтанд, ки ҳамин ҳафта раъйгирӣ баргузор шавад. Вале Мариа Луиза Риберто Виоттӣ сафири Бразилия дар Созмони Милал гуфт, кишвараш ва Туркия мехоҳанд, то пеш аз раъйгирӣ, муколамаи сиёсии васеъ дар мавриди барномаҳои атомии Эрон сурат бигирад. Ҳарду ин узви ғайридоимии Созмони Милал чанде пеш бо Эрон дар мавриди табодули сӯхти атомӣ тавофуқ карданд, ки ҳадаф аз он фурӯ нишондани нигарониҳо аз барномаҳои атомии Эрон аст. Айни замон Айни замон Юкиа Амано, раиси шӯрои ҳуккоми Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, дирӯз нахустин бор парвандаи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эронро “парвандаи вижа” хонд. Оҷонси Байналмилалии Энержии атомӣ ҳафтае пеш дар як гузориши тоза гуфт, Эрон тақрибан шаш кило ураниуми ғализи лозим ҳосил кардааст, ки ба гуфтаи Эрон дар як реактори атомии таҳқиқоти тиббӣ истифода хоҳад шуд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад.
XS
SM
MD
LG