Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии пешнависи қатънома алайҳи Эрон


Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи душанбе пешнависи ислоҳшудаи қатъномаи эъмоли таҳрим алайҳи барномаҳои атомии Эронро баррасӣ кард. Амрико муаллиф тарҳи қатънома ҳафтаи гузашта гуфт, аъзои шӯро дар мавриди тарҳи қатънома ба пешрафт ноил шудаанд. Айни замон Юкиа Амано, раиси шӯрои ҳуккоми Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, нахустин бор парвандаи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эронро “парвандаи вижа” хонд. Дар оғози нишасти шӯрои ҳуккоми ин оҷонс, Юкиа Амано гуфт, “Парвандаи Эрон ба далели эҳтимоли озмоишҳои пинҳони ҳастаии низомӣ як парвандаи вижа” аст. Оҷонси Байналмилалии Энержии атомӣ ҳафтае пеш дар як гузориши тоза гуфт, Эрон тақрибан шаш кило ураниуми ғализи лозим барои як реактори атомии таҳқиқоти тиббиаш ҳосил кардааст.
XS
SM
MD
LG