Пайвандҳои дастрасӣ

Талафоти 10 сарбози НАТО дар Афғонистон


Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ эълом кард, ки рӯзи душанбе дар Афғонистон дар маҷмӯъ 10 сарбозашро талаф додааст. Панҷ тан аз ин сарбозон бар асари таркиши бомби худсохте дар шарқи Афғонистон ҳалок шудаанд ва яке дигар бар асари тирандозӣ. Як сарбози НАТО-ро дар шимоли Афғонистон куштаанд ва се нафари дигар, аз ҷумла як амрикоӣ, бар асари бобмгузориву ҳамлаҳо дар ҷануби кишвар, ки нооромтарин бахши Афғонистон аст. Нерӯҳои НАТО, Амрико ва Афғонистон ба бузургтарин амалиёти низомӣ алайҳи Толибон дар Қандаҳор омодагӣ мегиранд.
XS
SM
MD
LG