Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хазинаи 440 миллиард евроӣ таъсис мешавад


Вазирони дороии кишварҳои ҳавзаи арзи воҳиди евро, санадҳои расмии таъсиси хазинаи 440 миллиард евроӣ барои кӯмак ба кишварҳои мӯҳтоҷ ба қарз дар ин иттиҳодияро имзо карданд. Жан Клод Ҷанке, нахуствазири Люксембург, гуфт, баъзе аз кишварҳои иттиҳодия, имзои санадҳои расмиро ниҳоӣ накардаанд, аммо Олмон ин корро анҷом додааст. Ба гуфтаи Жан Клод Ҷанке, ҷараёни таъйини мақомот аз ҷумла раиси хазина, “дар рӯзҳои оянда ниҳоӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, тамоми вазирони дороии кишварҳои ҳавзаи арзи воҳиди евро, таъйид карданд, ки Эстония худро ба тамоми меъёрҳо барои пазируфтани евро мувофиқ кардааст аз якуми январи соли 2011, кишвари 17 –уми ҳавзаи пули воҳиди евро хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG