Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин ҷарроҳии кошти мӯй дар Тоҷикистон


Ба гузориши хабаргузории расмии “Ховар”, дар Тоҷикистон бори нахуст ҷарроҳии кошти мӯй анҷом шудааст. Ҷарроҳии мазкурро дар се фарди аз 25 то 48-сола, ҷарроҳи маъруфи тоҷик Убайдулло Қурбонов анҷом додааст ва ба навиштаи хабаргузорӣ, ин ҷарроҳӣ муваффақиятомез будааст. Кошти мӯйи сар, ки барои сабзонидани мӯи сари рехта анҷом мешавад аз ҷарроҳиҳои нодир ва гаронқиматест, ки на дар ҳама кишварҳои дунё қодир ба анҷом додани он ҳастанд.
XS
SM
MD
LG