Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон ифротгароёни маҷрӯҳро боздошт кардааст


Пулиси Покистон гуфт, 12 ифротгарои хориҷии маҷрӯҳро боздошт кардааст. Бино ба гузориши Радиои Машъал, ин афрод, ки ба истиснои ду араб дигар ҳамаашон афғон будаанд, дар шаҳри шарқии Лоҳур боздошт шудаанд. Умар Викр, сухангӯи пулис гуфт, ин афроди тирхӯрда тайи 15 рӯз дар Лоҳур будаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки дар миёни онҳо тундравони шинохта ҳастанд ва ё на.
XS
SM
MD
LG