Пайвандҳои дастрасӣ

Филми тоҷикӣ барандаи ҷоизаи Иннсбрук 2010 дар Аврупо


Тибқи хабари сафҳаи интернетии сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Венаи Австрия, филми "Қиёми Рӯз"-и Носир Саидов-синамогари тоҷик дар ҷашнвораи байналмиллалии Иннсбрук-2010 баранда эълон шуд. Доварони ҷашнвора тасмим гирифтанд, ки филми "Қиёми Рӯз" бори дигар ба унвони филми ғолиби ҷашнвора дар Леокинои Иннсбрук ба намоиш дарояд. Дар ин филм духтаре бо номи Нилуфар писареро дӯст медорад ва ҳамдеҳагон интизори баргузории марисми арӯсии онҳоанд. Вале бо назардошти суннатҳо мушкилиҳо пеш меояд. Доварони ҷашнвора гуфтанд, ки ин филм сиёсӣ нест, балки бозгӯи дӯстиву рафоқат аз як сӯ ва аз сӯи дигар нишондиҳандаи мушкилиҳои равонии мардум аст, ки пойбанди он мебошанд.
XS
SM
MD
LG