Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари орзуҳо


Мавзуна Чориева
Мавзуна Чориева

Мавзуна як духтараки одии тоҷик аст, аммо чанд рӯз пеш барои бори нахуст дар Тоҷикистон унвони қаҳрамони муштзани Осиёро дарёфт кард.

Ӯро дар як утоқи маъмулии меҳмонхонаи «Варзиш»-и Душанбе пайдо кардем. Самимона сӯҳбат мекард. Худро таърифи зиёд намекард ва ҳама пирӯзиашро аз доди Худованд медонист.

Мавзуна Чориева 17 сол пеш дар як оилаи одие дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Падараш паҳлавон буд ва мехост фарзандонаш низ пайрави ӯ шаванд. Дар ибтидо як сол ӯро падараш дарси гуштӣ дод, аммо Мавзуна ба бокс ё муштзанӣ таваҷҷӯҳу шавқ дошт. Ва аз ҳафтсолагӣ машқи муштзанӣ гирифт.

Падараш орзу дошт, ки духтарашро дар зинаи қаҳрамонӣ бинад, қаҳрамони Тоҷикистон, қаҳрамони Осиё, қаҳрамони ҷаҳон ва қаҳрамони олимпӣ. Аммо ин орзуҳо бо худ ба зери хок бурд.

Моҳи январи соли ҷорӣ, панҷ моҳ пеш аз қаҳрамони Осиё шудани духтараш, дар Маскав, рӯи дастони Мавзуна фавтид.
Падараш мавзунаро ба Маскав ба тамрин бурда буд.

Аммо ӯ тасмим гирифтааст, орзуҳои падар, орзуҳои зери хок набошад. Орзуҳои падар, ба тасмиму номуси мардонаи Мавзуна табдил шуданд. Ӯ духтари орзуҳои падар аст.

Радиои «Озодӣ» чанд соат меҳмони Мавзуна Чориева шуд:

Мавзуна - духтари орзуҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
XS
SM
MD
LG