Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия хостори расидагӣ ба куштори шаҳрвандонаш шуд


Имрӯз Аҳмет Довутоғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия гуфт, агар Исроил нахоҳад ба ҳамлаи нируҳои дарёиаш дар Навори Ғаза расидагии мустақил сурат бигирад, оддӣ сохтани муносибот бо Исроил "берун аз масъалаи рӯз" хоҳад буд. Вай гуфт:

"Агар Исроил ба ташкили кумитаи байналмиллалии расидагӣ розӣ шавад ва барои посух ба саволҳои ин кумита омода бошад, муносиботи мо дар роҳи рушд пеш хоҳад рафт".

Дар ин ҳамла 9 нафар шаҳрвандони Туркия кушта шуда буданд. Аҳмет Довутоғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия гуфт, Исроил дархости Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ-ро дар бораи расидагии мустақил рад кардааст ва ин бад-он маъност, ки Исроил чизе барои пинҳон нигаҳ доштан дорад.
XS
SM
MD
LG