Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини ДК СММ ваъдаи кӯмак ба Тоҷикистонро дод


Имрӯз Ша Тзукан-муовини Дабири Кулли СММ дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, СММ омода аст дар тарбияи коршиносони фаннӣ ба Тоҷикистон кӯмак кунад. Ба гуфтаи вай, ин коршиносон метавонанд корҳои техникиро дар ниругоҳи барқи обии Роғун анҷом диҳанд. Муовини Дабири Кулли СММ барои ширкат дар як конфронси байналмиллалӣ ба Душанбе омадааст. Ин конфронс рӯзҳои 8-10-ӯми июн дар Душанбе дар чаҳорчӯбаи даҳсолаи "Об барои ҳаёт" баргузор мешавад. Ба ибтикори Тоҷикистон СММ солҳои 2005-2015-ро даҳсолаи "Об барои ҳаёт" эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG