Пайвандҳои дастрасӣ

Пули евро аз соли 2006 ба ин сӯ ба поинтарин нуқта расид


Суқути воҳиди пулии евро имрӯз идома кард ва арзиши 1 евро ба 1 доллару 19 сент расид. Сабаби он нигарониҳо аз қарзҳои Аврупо будааст. Воҳиди пулии евроро ҳоло 16 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо истифода мекунанд. Аз моҳи марти соли 2006 то ҳол ин поинтарин нуқта дар арзиши евро будааст. Нархи саҳом дар бозорҳои Аврупо ва Осиё ба шиддат поин рафт. Поин рафтани арзиши евро ба сару садоҳо дар бораи қарзи нав ба Маҷористон низ иртибот дорад.
XS
SM
MD
LG