Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Барак Обама ба Илҳом Алиев


Дар як нома, ки имрӯз мунташир шудааст, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба Озарбойҷон қавл додааст, ки мубоҳисоти ин кишвар бо Арманистонро ба унвони масъалаи дорои аҳамият хоҳад шинохт. Озарбойҷон барои икмолоти Афғонистон ва судури энержӣ ба Ғарб роҳи муҳим ба шумор меравад. Моҳи апрел Озарбойҷон Амрикоро муттаҳам кард, ки дар ҳали масъалаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ аз мавзеъгирии Арманистон дифоъ мекунад. Рӯзи якшанбе Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико номаи Барак Обамаро ба Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон тақдим кард. Обама дар номаи худ аз Озарбойҷон барои фиристодани ниру ба Афғонистон ва дар ихтиёри нируҳои НАТО гузоштани роҳҳои икмолотӣ аз Озарбойҷон ситоиш кардааст.
XS
SM
MD
LG