Пайвандҳои дастрасӣ

Эдил Байсалов, раиси дастгоҳи ҳукумати муваққати Қирғизистон, аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ гуфтааст, ки мехоҳад дар интихоботи пешорӯи парлумонӣ ширкат кунад.

Эдил Байсалов мегӯяд, дар интихоботи парлумонӣ бояд нерӯҳои нави сиёсие байни ҳам сабқат кунанд, ки дорои барномаҳои мушаххас ҳастанд ва дар рушди демократия мусоидат мекунанд.

Ӯ гуфт, агар аъзои ҳукумати ҷадид бо аҳзоби сиёсии худ хоҳиши ширкат дар интихоботи парлумониро дошта бошанд, бояд аз курсиҳои худ даст кашанд.

Дар ҳукумати муваққат ҳам ришва мегиранд

Эдил Байсалов дар пай иброз дошт, ки ришватхорӣ дар кишвараш ба авҷи аълояш расидааст ва ин раванд дар сиёсати кадрии ҳукумати ҷадид низ ба мушоҳида мерасад.

Раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати муваққатӣ эътироф кард, ки Роза Отунбоева ва Алмосбек Атамбоев аз гардиши ин маблағҳо як пули сиёҳ манфиатдор нестанд.

Ба гуфтаи Эдил Байсалов баъди инқилоби лолаии соли 2005 ҳама итминон доштанд, ки дар Қирғизистон як фазои тоза рӯи кор хоҳад омад, вале сиёсати кадрӣ дар ҳоли ҳозир бозгӯи он аст, ки инқилоби 7 -уми апрел низ комёб нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи мавсуф ҳанӯз дар таъйини кадрҳо ба идораҳои калидии кишвараш берун аз доираи масъулият амал мекунанд ва афроде дар курсиҳои вазорату идораҳо нишастаанд, ки дар замони президентони собиқ низ соҳиби вазифа буданд.

Баӯсалов гуфт, суоле матраҳ мешавад, ки инқилоб ва қурбониҳои зиёд ба хотири кӣ ва чӣ буд. Ва шояд вақти он расидааст, афроде, ки тайи бист соли ахир дар сари мансаб нишастаанд, бо чеҳраҳои нав ҷои худро иваз кунанд?

Ба таъкиди Эдил Байсалов ба мақоми раиси ҳукумати вилояти Норин узви ҳизби «Ата Мекен» таъйин шудааст, ки саводи казоӣ надорад ва дар гузашта ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳамроҳ буд.

Интихобот бояд шаффоф доир шавад

Ӯ афзуд, ҳамчунин дар баъзе минтақаҳои кишвараш ба мақомҳои маҳаллӣ шахсони зиёд аз рӯи мансубияти ҳизбӣ ба вазифа таъйин шудаанд.

Эдил Байсалов мегӯяд, бояд талош кард, ки интихоботи паролумонӣ озоду шаффоф ва бидуни фишори маъмурони ҳукуматӣ ва истифодаи захираҳои идорӣ баргузор шавад.

Ӯ илова кард, ки инқилоби моҳи апрел кори дасти мардуми кишвараш аст, аммо баъзе пешвоёни аҳзоби сиёсӣ мехоҳанд, ки ҳамаи идораҳои маҳаллиро таҳти тасарруфи худ дароваранд.

Ба гуфтаи собиқ раиси дастгоҳи ҳукумати маваққатӣ Роза Отунбоева ба манзури суботу барқарорӣ розӣ шуд, ки аз ҳизб хориҷ шавад ва дар интихоботи президентӣ ширкат накунад.

"Агар авзоъ тағйир накунд, инқилоби апрелӣ низ ноком мешавад"

Эдил Байсалов мегӯяд, агар раванди ҳодисаҳо маҷрои худро тағйир надиҳад, инқилоби апрелӣ низ дар ҳаёти ҷомеаи кишвараш ягон табаддулоти ҷиддӣ ба бор нахоҳад овард.

Эдил Байсалов аввалин мақоми баландпояи ҳукумати муааққатист, ки истеъфо дод ва аз тариқи таъсиси ҳизби нав хоҳиши ширкат дар интихоботи парлумониро дар миён гузошт.

Ҳизби навтаъсиси Эдил Байсалов «Айкӯл эл» ё «Мардуми саховатманд» ном дорад.

Дар қиболи изҳороти Эдил Байсалов перомуни мутаваққиф сохтани вазифа дар ҷараёни интихоботи парлумонӣ Азимбек Бекназаров, ноиби Роза Отунбоева вокуниш нишон дод.

Ӯ гуфт, ки баъди анҷоми раъйпурсии 27 июн аъзои ҳукумати муваққат тасмими ниҳоии худро роҷеъ ба ширкаташон дар интихоботи парлумонӣ эълон хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG