Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 15 нафарро боздошт карданд


Мақомоти Қирғизистон 15 нафарро ба гумони тир кушодан бар зидди тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар ҳодисаҳои 7-ӯми апрел боздошт кардаанд. Азимбек Бекназаров-муовини раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон ба рӯзноманигорон гуфт, номи ононе, ки дастури тир кушодан ба сӯи тазоҳуркунандагонро додаанд, рӯшан шудааст, вале вай аз ин одамон ном набурд.
7-ӯми апрел дар Бишкек миёни нируҳои амниятӣ ва тазоҳуркунандагон задухӯрд ба амал омад ва дар он 80 нафар кушта, садҳо нафар захмӣ шуданд. Тазоҳуркунандагон Боқиевро водор сохтанд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад ва кишварро тарк кунад.
XS
SM
MD
LG