Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден бо Ҳуснӣ Муборак мулоқот кард


Имрӯз Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико дар Шарм-уш-Шейхи Миср бо Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср дидор ва гуфтугӯ кард. Байден рӯзи якшанбе вориди Шарм-уш-Шейх шуд ва вайро дар ин боздид корманди аршади Кохи Сафед ва кормандони амнияти Миллии Амрико ҳамроҳӣ мекунанд. Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки ҳафтаи гузашта нируҳои дарёии Исроил 9 нафарро дар киштии ҳомили кӯмакҳои башарӣ ба Навори Ғаза ҳадафи тир қарор доданд. Исроил муттаҳиди Амрикост. Миср, ки замоне миёнрави калидӣ дар музокироти Исроилу Фаластин ба шумор мерафт, ҳоло нақши худро дар миёнравӣ камтар мешуморад, вале дар минтақа муттаҳиди муҳими Амрико боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG