Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия аз Исроил расидагии мустақил мехоҳад


Имрӯз вазорати корҳои хориҷаи Туркия гуфт, агар Исроил нахоҳад ба ҳамлаи нируҳои дарёиаш дар Навори Ғаза расидагии мустақил сурат бигирад, оддӣ сохтани муносибот бо Исроил "берун аз масъалаи рӯз" аст. Дар ин ҳамла 9 нафар шаҳрвандони Туркия кушта шуда буданд. Аҳмет Довутоғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия гуфт, Исроил дархости Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ-ро дар бораи расидагии мустақил рад кардааст ва ин бад-он маъност, ки Исроил чизе барои пинҳон нигаҳ доштан дорад.
XS
SM
MD
LG