Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши ҳамлаи маргталабон ба маркази машқи пулис


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, 3 бамгузори интиҳорӣ талош кардаанд ба маркази тамрини нируҳо дар шаҳри Қандаҳор ворид шаванд ва амали террористӣ анҷом диҳанд, вале қабл аз вуруди онҳо ба маркази мазкур нируҳои пулис онҳоро ҳадафи тир қарор додаанд. Пулис мегӯяд, ба яке аз бамгузорони интиҳорӣ муяссар шудааст, ки девори амниятиро бо инфиҷоре хароб созад. Дар миёни сарбозон ва афсарони пулис талафоти ҷонӣ ба бор наомадааст.

XS
SM
MD
LG