Пайвандҳои дастрасӣ

Сел ягона пули пиёдагарди болои дарёи Бартангро, ки ба деҳаи Ҷизеви ноҳия Рӯшон мебарад, тахриб кадааст ва сокинони ин деҳа зиёда аз ду ҳафта боз ба мушкилоти рафтуомад бо дигар маҳаллот рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ба гуфтаи Ҷумъа Гулшаев, раиси маҳаллаи деҳаи Ҷизев посухи мақомот ба дархост дар мавриди бартараф намудани оқибати зарари офат ин будаст, ки онҳо маблағ барои ба зудӣ барқарор намудани пулро надоранд. Ва сокинон маҷбур шуданд, масофаи бештар аз чор километр пайроҳаи нахчиргардро дар баъзе ҷойҳо бо белу каланд ҳамвор намуда, ба ҳайси роҳи муваққатӣ истифода кунанд.

"Роҳи нав барои талабагон"


Диёри Шанбе, яке аз муҳассилини мактаб интернати Сипонҷ мегӯяд, ки пас аз имтиҳон омӯзгорон маҷбур шуданд, талабагонро то манзилашон ҳамроҳӣ кунанд ва дар тӯли «роҳи нав» ҳатто онҳоро пуштора кунанд.

Раиси ташкилот афзуд, ки ин роҳи пурхатари муваққатӣ низ пас аз чанд рӯз бо дамидани дарё баста шуда, имкони иртиботи сокинон бо дигар маҳаллоти аҳаолинишин қатъ мешавад.

Раиси ташкилот мегӯяд, дар ин мудддат мақомот ҳатто натавонистаанд сокинони деҳаи дар инзивоъ қарор гирифтаро ҳадди ҳақал бо заврақҳои резинӣ таъмин намоянд.

Бинобар ин танҳо ҷавонон метвонанд бо истифода аз камераҳои резинӣ дарёро убур кунанд.

Ӯ гуфт, дар деҳа беморон ҳастанд ва атфолу наврасоне, ки бояд моякубӣ шаванд ва барои интиқол ба маркази саломатӣ ба гузаронидан аз дарё ниёз доранд.

Қарзи кӯтоҳмуддати ҷаъияти матлубот

Ҷумъа Гулшаев изҳор дошт, ки ба дунболи сел ва тахрибгардидани пул ҷамъияти матлуботи ноҳия бароряшон маводи ғизоӣ ба миқдори 750 кг. орд, 50 кг. шакар, 20 кг. намак, 16 кг.равған ва 48 қуттии чой қарзӣ кутоҳмуддат додааст.

Аммо дар деҳа ба ғайр аз ду омӯзгор ва 5-6 нафар бознишаста дигарон бекор буда, басташавии роҳ ба мушкилоти иҷтимоии сокинон афзудааст.

Сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳия Рӯшон Абдулназар Навбаҳоров гуфт, ки лоиҳаи барарорсозии пул таҳия шуда, бо дарёфти маблағ имкон дорад, ки он тайи як моҳ аз нав мавриди истифода қарор гирад.

Вай афзуд, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз хатар ҳангоми убури дарё дар назди пул қаиқҳои резини гузошта шуда, намояндагони ситод навбатдории шабонарузӣ ташкил мекунанд.

Хуш омадед ба Ҷизев!

Аз назди пули тахрибшудаи пиёдагард то деҳаи Ҷизев 8 килмометри дигар пойи пиёда ва ё харсавор роҳ паймудан лозим мебиёяд.

Вале деҳа бо зебои ва табиати нотакрору кулҳояш тайи солҳои охир ба яке аз маконҳои дӯстдоштаи сайёҳон табдил шудааст. Соли гузашта 372 ва аз ин пеш 450 сайёҳ дар деҳа истироҳат карда, аз ҳавои тоза ва манзараҳои он баҳра бардоштаанд.

Дар деҳа 21 хонавода истиқомат дошта, дар ҳар як хона барои қабули сайёҳон шарот фароҳам аст. Бо мадади Барномаи пуштибонии рушди манотиқи куҳистони Бунёди Оғохон болои боми хонаҳо манобеъи нерӯи барқи офтобӣ насб гардида, дар наздашон ҳаммомоҳои тобистона ва гармоба сохта шудааст. Ҳамчунин роҳбаладон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ омӯзиш диданд.

Ҳар як хонаводаи деҳа дафтари сабти қабули меҳмононро дорад ва ба гуфтаи сокинон ҳар як сайёҳ барои як шабонаруз дар меҳмонхонаҳои анъанавӣ ба соҳиби он 50 сомонӣ пардохт мекунад, аз сокинон маҳсулоти ширӣ ва анвоъи маводи ғазо харидорӣ менамоянд.

Набудани пул боиси наомадани саёҳон шуд

Аммо сокинони Ҷизев нигарон ҳастанд, ки бо тахрибшавии пул пайи сайёҳон аз деҳа канда шудааст ва онҳоро аз як сарчашамаи асосии даромад, маҳрум сохтааст.

Сокинони деҳа мегӯянд, соли равон барояшон бебарор омадааст. Пеш аз тахрибшавии пул боришоти зиёд онҳоро аз сайёҳи асосӣ - муншии Созмони Милал дар масоили туризм ва ҷаҳонгарди Толиб Рифоӣ маҳрум кард.

Ӯ мебоист тибқи барнома моҳи май пас аз дидани кӯли Сарез ба манзури шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии ин деҳаи дурдаст, дар фурудгоҳи махсуси барои чархбол сохташуда, фуруд меомаданд.


Санъатшинос - омузгори забони англисӣ

Дар Ҷизев ёздаҳ нафар ҷавон бо маълумоти синфи чорум зиндагӣ доранд. Чӯпон Назаршоев, яке аз ин ҷавонон гуфт, ки бар асари душвориҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ натавонистааст, дар мактаб-интернати таҳсилро идома диҳад. Ба гуфтаи сокинон, агарчанде чӯпон ба мисли иддае аз ҳамсолонашон чалласавод мондаанд, аммо қобилият ва истеъдодашонро ҳамдеҳагонашон қадр мекунанд.

Яке аз ин афрод корхонаи оҳангарӣ кушода, досу каланд ва абзори зарурии рӯзгорро тайёр мекунад ва Чӯпон дар кандакорӣ ном баровардааст ва мардум барои кошинкории пеши хонаҳояш ба хизмати ин усто муроҷиъат мекунанд.

Дар мактаби чорсолаи деҳа, ки 10 нафар талаба дорад, ду омӯзгор дарс мегӯянд. Омузгор Шанбе Давлатшоев, гуфт, ки ӯ Донишкадаи санъатро хатм кардааст, вале бинобар набуди мутахассис забонҳои русӣ ва англисиро ба шогирдон меомузонад.

Пас аз хатми синфи чорум талабагон дар мактаб- интернати ноҳия таҳсилро идома медиҳанд.

Умедворӣ то соли нави хониш

Дар ҳамин ҳол, сокинони Ҷизев мегӯянд, ки тахрибшавии пул бештарашонро аз имкони ширкат дар ҷашни Ваҳдат дар маркази ноҳия маҳрум мекунад. Аммо умедашон бар ин аст, ки пули пиёдагард ҳадди ҳақал то оғози соли таҳсили нав барқарор хоҳад шуд. Ва фарзанданашон барои идомаи таҳсил ба макотиби дигар қаиқсавор нахоҳанд рафт.

Раиси ташкилоти деҳа изҳор дошт , ки аммо расонаҳои маҳаллӣ аз пахши иттилоъ дар мавриди мушкилоти сокинони Ҷизев мӯҳри хомушӣ бар лаб задаанд.

Зеро ба гуфтаашон намехоҳанд дар пешоруи ҷашни Ваҳдат ба тори асаби тарангшудаи роҳбарони ноҳия ва вилоят нохун зананд.
XS
SM
MD
LG