Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ришвахореро дар Қумсангир боздошт карданд


Хабаргузории "Авеста" менависад, ёвари коммиссари низомии ноҳияи Қумсангир дар ситонидани тақрибан 540 сомонӣ ришва гумонбар дониста мешавад. Кормандони Ожонсии давлатии назорати молӣ ва мубориза бо ришвахорӣ Ҷумъахон Муҳиддиновро боздошт кардаанд. Бино ба гуфтаи кормандони ин ожонсӣ, Муҳиддинов барои ним сол ба таъвиқ андохтани хидмати аскарӣ аз як нафар 300 сомонӣ ришва хостааст. Дар натиҷаи расидагӣ рӯшан шудааст, ки Муҳиддинов барои фарзандони як хонавода низ, ки дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон будаанд, ришва хостааст.
XS
SM
MD
LG