Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эдил Байсалов аз ҳукумати муваққатӣ истеъфо дод


Эдил Байсалов-раиси дафтари ҳукумати муваққатии Қирғизистон имрӯз аз мақоми худ истеъфо дод, то ҳизби сиёсии худро ташкил диҳад. Байсалов муттаҳиди наздики Роза Отунбоева-раиси ҳукумати муваққатист. Истеъфои Байсалов дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ нооромиҳо баъд аз барканории Қурмонбек Боқиев аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ то ҳол идома дорад. Байсалов ба хабарнигорон гуфт, мардуми Қирғизистон тақозо доранд, ки ба ҷои сиёсатмадороне, ки 20 сол дар кишвар ҳукмронӣ карданд, бояд чеҳраҳои нав оянд. Вай афзуд, ҳизби нави вай Қирғизистонро аз роҳи демократӣ ба пеш хоҳад бурд. Байсалов баландтарин мақоми ҳукумати муваққатист, ки баъд аз барканории Қурмонбек Боқиев аз мақоми худ истеъфо додааст.
XS
SM
MD
LG