Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Исроил 4 шӯришии фаластинро куштаанд


Низомиёни Исроил мегӯянд, имрӯз нируҳои дарёии онҳо дар берун аз обҳои Навори Ғаза тирандозӣ кардаанд ва дар он 4 шӯришӣ кушта шудаанд. Сухангӯи низомии Исроил гуфт, нируҳои дарёӣ" як гурӯҳи террористҳоро кашф кардаанд, ки либоси ғаввосӣ дар тан доштаанд ва мехостаанд амали терроистӣ анҷом диҳанд". Шоҳидони айнӣ таъйид кардаанд, ки ҳамаи афроди кушташуда дар тан либоси ғаввосӣ доштаанд. Бригадаи ҷонбозони ал Ақсо, ки ҷиноҳи мусаллаҳи Ҷунбиши Фатаҳи Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин мебошад, дар як паём ба матбуот навиштааст, ин 4 нафари кушташуда аъзои нируҳои дарёӣ ва машғули машқ будаанд.
XS
SM
MD
LG