Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёддошти эътирозии Тоҷикистон ба сафири Русия


Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи ин кишвар ба Юрий Попов-сафири Русия дар Тоҷикистон дар робита бо изҳороти Владимир Жириновский-муовини раиси Думаи Давлатӣ ва Геннадий Онишенко-раиси "Роспотребнадзор" ёддошти эътирозӣ супурдааст. Жириновский-раиси Ҳизби Либерал Демократи Русия гуфта буд, ки Тоҷикистону Қирғизистонро бояд ба Ҳавзаи 9-ӯми Ҷанубии Русия ҳамроҳ кард, зеро ин ду ҷумҳурӣ ба унвони кишвари мустақил давлати номуваффақанд. Давлат Назриев-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт:

"Гап сари он меравад, ки гуфтаҳои ин ду нафар бисёр дағалона ва ҳатто таҳқиромез буда, барои рушди муносибатҳои ду кишвар, албатта, зарар мерасонанд".


Оқои Назриев афзуд, дар ин гуфтаҳо, на танҳо гап сари муносибатҳо меравад, онҳо ҳатто нисбат ба истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳое, ки хоси ин кишвари мустақил ҳастанд, суханҳои беэҳтиётона ва хурдагирона мезананд ва ин ёддошт ҳам навъе мавзеъгирии тарафи Тоҷикистон аст, ки ҳадаф аз он пешнирӣ кардани чунин суханрониҳои шахсони мансабдори Русия аст. Дар мулоқот бо Попов оқои Зарифӣ ҳамчунин аз ҷониби Русия хостааст, манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистонро аз миён бардорад, зеро он ба шимоли Тоҷикистон зарари ҳангуфти молӣ расондааст.
XS
SM
MD
LG