Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон Ойбек Мирсидиқов кушта шуд


Пулиси Қирғизистон мегӯяд, марде бо номи Ойбек Мирсидиқов дар тирандозии миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи рақиб кушта шудааст. Пулис Мирсидиқовро раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ муаррефӣ кардааст ва гуфтааст, ки вай дар нооромиҳои ахир дар ҷануби ин кишвар даст доштааст, Бино ба хабари вазорати дохилаи Қирғизистон, Мирсидиқов шаби гузашта бо 3 нафари дигар дар як шаҳраки хурд дар наздикии шаҳри Ҷалолобод ҳадафи тир қарор гирифтаанд. Ин шаҳр моҳи гузашта саҳнаи даргириҳои фоҷеабори миёни ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршуда ва ҷонибдорони ҳукумати кунунии муваққатӣ буд. Раҳбарони гурӯҳҳои узбактабори минтақа Мирсидиқовро, ки ҷонибдори Боқиев буд, барои ишғоли биноҳои давлатӣ гунаҳгор медонистанд ва аз вай "Ойбеки Сиёҳ" ном мебурданд. Ишғоли биноҳои давлатӣ боиси сар задани нооромиҳо шуда буд.
XS
SM
MD
LG