Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши рушди инсон-2009 дар Тоҷикистон муаррефӣ шуд


Имрӯз дар Душанбе гузориши миллӣ "Дар бораи рушди инсон-2009" муаррефӣ шуд. Дар ин бора хабаргузории "Авеста" иттилоъ додааст. Дар ин гузориш омадааст, ки тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ Тоҷикистон аз лиҳози рушди инсон дар зинаи 127-ӯм қарор дорад. Ҳангоми муаррефии гузориши солона Фаррух Ҳамралиев-вазири рушди иқтисод ва тиҷорат изҳор дошт, ки ҳукумати ин кишвар барои коҳиши сатҳи фақр соли 2010 100 000 ҷои нави корӣ иҷод мекунад. Кори Удовички-раиси дафтари минтақаии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон гуфт, бекорӣ дар миёни аҳолии ин кишвар нигарониҳоро ба бор меорад. Ба гуфтаи Удовички, бӯҳрони саросарии молӣ вазъро бадтар кард, вале шонси Тоҷикистон ин буд, ки дар марҳалаи бӯҳрони иқтисодӣ бисёре аз муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон барнагаштанд, балки бо вуҷуди душвориҳо онҳо бо ҳар роҳ аз хориҷи кишвар ба хонаводаҳояшон кӯмак карданд.
XS
SM
MD
LG