Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду нафар бо иттиҳоми террористӣ дар Амрико


Муҳаммад Маҳмуд Олиссои 20 сола ва Карлос Эдуардо Алмонтеи 24 сола, рузи шанбе 5 -уми июн дар фурудгоҳи байналмилалии Кенедии шаҳри Ню Йорк, қабл аз вурудашон ба ҳавопаймо бо иттиҳоми террористӣ боздошт шуданд.

Онҳо мехостанд ба Миср парвоз карда, баъдан ба кишвари Сомалӣ бираванд. Тибқи изҳороти мақомоти Амрико ин ду нафар гуё мехостанд, дар Сомалӣ ба гурӯҳи ифротии Ал Шабоб марбут ба шабакаи Ал Қоида ҳамроҳ шуда сарбозу афсарони амрикоиро ба қатл расонанд.

Муҳаммад Олиссо ва Эдуардо Алмонте барои фош нашудани иртиботашон мехостанд ба ҳавопаймоҳои гуногун бишинанд.
Қарор аст, ки имрӯз онҳо дар назди додгоҳи федералии шаҳри Ню Арки аёлати Ню Ҷерси ҳозир шаванд.

Намояндаи додгустарӣ гуфтааст, маъмурони иттилоъотӣ фаъолияти ин ду нафарро аз соли 2006 таҳти назар доштан.

Бино бар наворҳои сабтшуда, Алмонте ва Олиссо мехостанд дар Сомалӣ ба гурӯҳи террористии Ал-Шабоб пайваста ба куштору одамрабоии амрикоиҳо машғул шаванд.

Ал-Шабоб марбут ба Ал-Қоида?

Вошингтон гурӯҳи ҷангиёни Ал-Шабоб марбут ба шабакаи Ал- Қоидаро соли 2008 гурӯҳи террористӣ эълом намудааст.

Корманди махфии полис дар тӯли солҳо гуфтугӯҳои ин ду нафарро сабт мекард ва гуё, онҳо ҳар дафъа дар бораи куштори амрикоиҳо сӯҳбатҳо анҷом медоданд.

Муҳаммад Олиссо ва Эдуардо Алмонте шаҳрвандони Амрико мебошанд. Инчунин гуфта мешавад, ки онҳо наворҳои видиоии ҳамлаҳо ба нерӯҳои амрикоро тамошо мекарданд.

Раймонд Келлӣ, фармондеҳи полиси Ню Йорк гуфт, “агар ин ду нафарро ошкор намекарданд ва онҳо зери нуфузи мафкураҳои душманонаи хориҷӣ мемонанданд, имкон дошт, ки онҳо ҳамлаҳоро дар дохили кишвар низ анҷом медоданд”.

Иддао мешавад, ки як рӯз Муҳаммад Олиссо гуфтааст ки “агар мо онҷо рафта натавонем, пас қатли амрикоиҳоро дар инҷо шурӯъ мекунем”.

Вокуниши Сомалӣ

Ҳукумати Сомалӣ аз боздошти ин ду нафар истиқбол намуд. Сӯхангӯи вазорати иттилоъоти он кишвар аз тамоми давлатҳои ҷаҳон даъват намуд, ки дар муқобили гурӯҳи Ал-Шабоб гомҳои ҳамсон бардоранд.

Дар зарфи чанд моҳи гузашта дар Амрико ду ҳамлаи террористи бо нокомӣ анҷом шуд. Яке кӯшиши инфиҷори мошини бомбагузошташуда дар майдони Таймсквери Ню Йорк дар моҳи гузашта ва дигаре талоши таркондани ҳавопаймое, ки мебоист рӯзи мавлуди Исои Масеҳ ба Детройт парвоз мекард.
XS
SM
MD
LG