Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” натиҷаҳои ду тафтиши мустақили фаъолиятҳои молии ин ширкатро нашр кардааст, ки дар онҳо намунаҳое аз номутобиқатии ҳисоботи молии ширкат зикр шудааст.

Дар хулосаи аудити «Барқи тоҷик», ки аз сӯи ширкати аудитии «Марка Аудит—Бишкек» омода шудааст, омадааст, ки маблағҳои хароҷоту даромад, истеҳсол ва фурӯши барқ дар «Барқи тоҷик» дақиқ набуда, мустақилона баҳогузорӣ нашудааст.

Дар натиҷаи аудит маълум шудааст, ки маблағҳои асосӣ ва масрафнашуда на аз рӯи тағйири қиматҳо санҷида шудаанд ва на аз рӯи қимати асосӣ, ки ин нақзи меъёрҳои байнулмилалии ҳисоботи молӣ аст.

Норавшаниҳои ҳисоботи молии "Барқи тоҷик"

«Марка Аудит—Бишкек» менависад, хароҷот барои фарсудашавӣ, ки ба ҳисоби даромаду зиён ворид шудаанд, ҳамчунин аз рӯи меъёрҳои байнулмилалӣ ҳисоб нашуда ва аз ин хотир ширкати аудитӣ натавонистааст ҳаҷми маблағҳои асосӣ ва фарсудашавии дар ҳисоботи молии "Барқи тоҷик" омадаро маълум кунад.

«Марка Аудит—Бишкек» ҳамчунин менависад, аз норавшании муҳосиботи хариди маводу таҷҳизот аз ширкатҳои хориҷӣ, ки бо арзи хориҷӣ харида шудаанд ва ба далели номуайянии курси арз дар замони муомила бақияи қарзҳои аз он замон мондаро ҳисоб карда натавонистааст.

Тибқи ин манбаъ, «Барқи тоҷик» то 31-уми декабри соли 2008 аз Бонки исломӣ, ҳукумати Швейтсария, Бунёди рушди иқтисоди арабии Қувайт ва Анҷумани байнулмилалии рушд ҳудуди 335 миллион доллари амрикоӣ қарз гирифтааст.

«Барқи тоҷик»: Иттилои ширкати аудитӣ кӯҳна аст

Дар ҳамин ҳол Машғул Ҳасанов, муовини муҳосиби асосии «Барқи тоҷик» мегӯяд, он чӣ дар хулосаи аудитии ширкати «Марка Аудит—Бишкек» омадааст, натиҷагирӣ аз фаъолияти ширкат дар солҳои 2007 ва 2008 марбут аст ва ҳоло вазъ беҳбуд ёфтааст.

Оқои Ҳасанов вазъи ногувори молиявӣ дар «Барқи тоҷик»-ро ба қарзҳои ҷамъшудаи мизоҷонаш рабт дод, ки дар ҳоли ҳозир 426 миллион сомониро ташкил медиҳад ва қарздорони асосиаш Вазорати обу обёрӣ ва ширкати Талко мебошанд. Вазорат аз «Барқи тоҷик» 131 ва Талко - 101 миллион сомонӣ қарздоранд. Бақия қарздорон корхонаҳои хурду миёна ва мардуми кишвар ҳастанд.

Шакку гумони коршиносон

Аммо коршиносон мегӯянд, дар хулосаи аудит танҳо ширкати Талко зикр шуда, дигар қарздорон зикр намешаванд, ки ин бар воқеияти аудит шакку гумонро меафзояд.

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршинос дар умури энержӣ, мегӯяд, муҳосибаи ширкати «Барқи тоҷик», ба истилоҳ, «чандошёна» аст, яъне он чӣ расман гуфта мешавад, аз он чӣ дар ҳақиқат вуҷуд дорад, тафовути зиёд дорад. Аз ин хотир, ба ин гуна аудитҳо наметавон бовар кард.

Салтанат Тоҷибоева, мудири молиявии ширкати «Марка Аудит—Бишкек», аз ироаи ҷузъиёти хулосаҳои аудит худдорӣ кард, ба он далел ки тибқи созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон, ширкати аудитӣ танҳо бо иҷозаи расмии ширкати «Барқи тоҷик» метавонад сӯҳбат кунад.

Таваҷҷӯҳи созмонҳои ҷаҳонӣ ба Талко ва "Барқи тоҷик"

Ахиран Сандуқи байнулмилалии пул аз ҳукумати Тоҷикистон нашри натиҷаҳои аудити ширкати алюминиюми Тоҷикистонро тақозо кард, ки дар пайи изҳороти ин ниҳод натиҷаҳои аудити «Барқи тоҷик» нашр шуд.

Аудити ширкати «Барқи тоҷик» ва ширкати Талкоро ду сол пеш ҳукумати Тоҷикистон бо тақозои созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Сандуқи байнулмилалии пул, шурӯъ шуда буд. Тақозо бо он асоснок мешуд, ки ин ду ширкат бузургтарин андозсупорандагони Тоҷикистон ҳастанд ва рушди иқтисоди кишвар ба онҳо вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини «Барқи тоҷик» мегӯянд, хулорсаҳои аудитро омӯхтаанд ва аз рӯи он дар ширкат ислоҳот идома дорад.

Зимнан, коршиносон аз фасодзадагии ширкати «Барқи тоҷик» зиёд мегӯянд. Тайи ду соли ахир ду маротиба раҳбари ин ширкат аз кор сабукдӯш шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG