Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳоргона юриши Исроил ба киштиро баррасӣ мекунад


Гурӯҳи чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна иборат аз Русия, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милал имрӯз бо баргузории як нишаст, юриш маргбори Исроил ба як киштии кӯмакрасон ба Навори Ғаззаро баррасӣ мекунад. Дар натиҷаи ин юриши нерӯҳои Исроил нӯҳ нафар аз фаъолони тарафдорони фаластиниён кушта шуданд. Пештар аз ин давлати Исроил пешниҳоди Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал барои таҳқиқи байналмилалии ин қазияро рад кард. Айни ҳол Бернард Кушнер, вазири умури хориҷаи Фаронса гуфт, Иттиҳодияи Аврупо метавонад, бо назорати ирсоли кӯмакҳои хайрия ба Навори Ғаззаи дар муҳосиса монда нагузорад, то аслиҳа ба ин минтақа ворид шавад.
XS
SM
MD
LG