Пайвандҳои дастрасӣ

Нотаи эътирози давлати Тоҷикистон ба Русия


Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо эҳзори сафири Русия дар Душанбе ба вазорат ба ӯ нотаи эътирозии ҳукумати Тоҷикистонро супурдааст. Дар баёнияи расмии вазорат омадааст, “Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷа бо Юрий Попов, сафири Русия мулоқот кард ва таваҷҷӯҳи ӯро ба норавоии баъзе аз баёнияҳои ғаразмандона ва манфии баъзе аз мақомоти баландпояи Русия, аз ҷумла Владимир Жириновский, муовини раиси Думаи давлатӣ ва Сергей Онишенко, раҳбари Раёсати назорат бар сифати маводи ғизоии Русия ҷалб кард.” Владимир Жириновский чанде пеш гуфта буд, Тоҷикистону Қирғизистон оянда надоранд ва беҳтар Русияро онҳоро ба худ ҳамроҳ кунад ва ҳамингуна аз дарди сари зиёд ба мисли муҳоҷирон қочоқи маводи мухаддир, беморӣ халос шавад. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин аз Русия хостааст, воридоти хушкмеваи тоҷикиро дигарбора иҷоза бидиҳад. Русия чанде пеш бо баҳонаи хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон воридоти хушкмеваи Тоҷикистон ба қаламравашро мамнӯъ кард.
XS
SM
MD
LG