Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Словения аз созиш бо Хорватия ҳимоят кард


Мардуми Словения рӯзи якшанбе зимни раъйпурсии умумӣ аз созишномаи ҳалли баҳси марзӣ бо Хорватия аз тариқи додгоҳро тарафдорӣ карданд. Бино ба натиҷаҳои расмии раъйпурсӣ, 51,5 дар сади раъйдиҳандагон ба ҷонибдории созишнома раъй додаанд, ки моҳи ноябр имзо шуд ва Хорватия онро тасвиб кардааст. Бар асоси созишнома, гурӯҳи байналмилалӣ бояд баҳси қаламравҳои обӣ ва заминии ду кишварро ҳал кунад. Баҳси ду кишвар бар сари қаламравҳои заминиву обӣ дар Халиҷи Пиран аст, ки ба солҳои 1991 бармегардад. Словения мехоҳад, ба обҳои байналмилалӣ мустақиман роҳ ёбад ва бидуни бахше аз қаламрави обиашро дар ихтиёри Словения нагузоштани Хорватия ин чиз муяссараш нахоҳад шуд. Словения бинобар ҳамин баҳс ҳамчун узви Иттиҳодияи Аврупо монеъи пазируфтани Хорватия ба ин иттиҳодия шудааст.
XS
SM
MD
LG