Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон: "Эрон ҳиллагарӣ хоҳад кард"


Ҳилларӣ Клитон, вазири умури хориҷаи Амрико, мегӯяд, интизор дорад, ки Эрон барои ҷилавгирӣ аз таҳримоти тозаи Созмони Милал алайҳи барномаҳои атомиаш “баъзе ҳиллагариҳо” хоҳад кард. Хонум Клинтон гуфт, раҳбарони Эрон пайваста аз посухгӯӣ фирор кардаанд ва аз ин рӯ мехоҳанд, даст ба кор шуда ва таваҷҷӯҳро ба дигар самт бикашанд. Амрико саъй дорад, то алайҳи Эрон таҳримоти тозаи Созмони Милал эъмол шавад, зеро ба гуфтаи Амрико, Ҷумҳурии Исломӣ мехоҳад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки Теҳрон пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG