Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВР мегӯяд, ихроҷи нафт ба дарёро кам кардааст


Тонӣ Ҳейвард, мудири ширкати Бритиш Петролиум, мегӯяд, бештар аз нисфи нафти чоҳи рахнашуда дар Халиҷи Мексика, ба берун кашида мешавад. Ба гуфтаи вай, кулоҳаки насбшуда ба сари чоҳи рахнашуда, рӯзона то 10 ҳазор бушка нафтро ба берун мекашад. Тахмин мешавад, ки аз ин чоҳ рӯзона то 19 ҳазор бӯшка нафт хориҷ мешавад. Тонӣ Ҳейвард ба Би Би Си гуфт, ду абзори дигар барои бастани рахнаи чоҳ ҳафтаи оянда насб хоҳад шуд ва ӯ умедвор аст, ки қисмати зиёди нафт ба берун кашида мешавад: "Ҳамин ҳоло гуфтан сахт аст, вале мо интизор дорем, ки қисмати зиёди нафт гирифта хоҳад шуд." Рахнаи чоҳи нафт дар Халиҷи Мексика дар 48 рӯз пеш ва ихроҷи даҳҳо ҳазор бӯшка нафт ба дарё, аз бузургтарин фалокати муҳитизистӣ дар Амрико шудааст.
XS
SM
MD
LG