Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноқаноатмандии Русия аз мубориза бо қочоқ аз Афғонистон


Давлати Русия хостори муборизаи пуршиддат алайҳи кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон шуд ва нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрикоро интиқод кард, ки ба масоили рушди иҷтимоӣ дар Афғонистон расидагӣ намекунанд. Сергей Иванов, муовини нахуствазири Русия, дар нишасти амниятие дар Сингапур гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳарчӣ бештар барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон сармоягузорӣ кунад, зеро бе ин кор ҳар гуна ҳузури низомӣ бесамар хоҳад буд. Ӯ гуфт, Толибон аз ҳисоби кишту қочоқи маводи мухаддир таъмини молӣ мешаванд. Сергей Иванов кишту қочоқи маводи мухаддиро таҳдид ба суботу амнияти байналмилалӣ хонда афзуд, ки Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон бояд алайҳи ин таҳдид мубориза кунанд.
XS
SM
MD
LG