Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду муттаҳам ба террозим дар Амрико боздошт шуданд


Мақомоти амрикоӣ ду марди боздоштшуда дар фурудгоҳи Ҷон Кеннедии Ню Йоркро ба тарҳрезии амали терроризми байналмилалӣ муттаҳам карданд. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, ин ду нафар мехостанд, ба як гурӯҳи ифротгарои Сомалӣ пайваста ва нерӯҳои Амрико дар хориҷ аз кишварро бикушанд. Муҳаммад Маҳмуд Олиссои 20-сола ва Карлос Эдуардо Алмонтеи 24-сола, рӯзи шанбе қабл аз вуруд ба ҳавопаймоҳои озими Миср боздошт шуданд. Қарор аст, онҳо имрӯз барои эъломи иттиҳом ба додгоҳе дар Ню Ҷерсӣ ҳозир шаванд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, фаъолияти ин ду нафарро маъмурони амниятӣ аз соли 2006 таҳти назар доштанд.
XS
SM
MD
LG