Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майкл Орен: Ба тафтиши байналмилалӣ ниёзе нест


Сафири Исроил дар ИМА изҳор намуд, ки кишвараш таъсиси комиссиюни байнулмилалӣ барои тафтиши байнулмилалии қазияи ҳамла ба киштиҳо бо кумаки башарӣ барои навори Ғаззаро қабул надорад. Майкл Орен дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизионии амрикоӣ гуфт, ки Исроил тавони тафтиши ин қазияро дорад ва ба тафтиши байнулмилалӣ ниёзе нест. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки Исроил дар робита ба ҳалокати 9 нафар зимни забти киштӣ бо кумаки башарӣ барои навори Ғазза узр хостанӣ нест. Дар ин ҳодиса, як шаҳрванди турктабори ИМА ва 8 шаҳрванди Туркия кушта шуданд.
Аз ин пеш Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, дар як тамоси телефонӣ бо Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, дар бораи пешниҳоди таъсиси комиссиюни байнулмилалӣ барои тафтиши қазияи ҳалокати фаъолони ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин хабар дод. Тибқи ин пешниҳод раёсати комиссиюни байнулмилалӣ бар дӯши сарвазири Зеладнияи нав Ҷефрӣ Палмер вогузор мешавад. Ба комиссиюн намояндагони Туркия, ИМА ва Исроил шомил хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол Исроил аллакай ҳафт нафар аз гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари Ирландия ва Малайзияро, ки мехостанд тавассути киштии ирландӣ муҳосираи дарёии навори Ғазза шикананд, аз кишвар ихроҷ кард. Киштӣ бо кумаки башарӣ, аз ҷумла, масолеҳи бинокориву дорувор, рӯзи шанбе аз сӯи низомиёни исроилӣ ишғол ва ба бандари Ашдод оварда шуд. Гуфта мешавад, ки киштинишинҳо ба низомиёни исроилӣ муқовимат нишон надоданд.
XS
SM
MD
LG