Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон хостори ҳимояи корвони киштиҳо то Ғазза шуд


Эрон пешниҳод кард, ки ҳимояи киштиҳои ҳомили кумаки башарӣ ба навори Ғаззаро бар ӯҳдааш вогузоранд. Алӣ Шерозӣ, намояндаи раҳбари мазҳабии кишвар дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ изҳор намуд, ки "дифоъ аз мардуми бегуноҳи Ғазза – қарзи Эрон аст".
Дар ҳамин ҳол қарор аст имрӯз Исроил фаъолони ҳуқуқи башари пуштибони аз Фаластинро, ки мехостанд тавассути киштии ирландии Ричел кори муҳосираи дарёии навори Ғазза шикананд, аз кишвар ихроҷ кунад. Тибқи хабарҳо, киштинишинҳо ба фурудгоҳи Тел-Авив интиқол дода шудаанд. Миёни онҳо – барандаи ҷойизаи сулҳи Нобел аз Ирландия Мейрид Корриган-Магуир низ ҳаст.
Киштӣ бо кумаки башарӣ, аз ҷумла, масолеҳи бинокориву дорувор дирӯз аз сӯи низомиёни исроилӣ ишғол ва ба бандари Ашдод оварда шуд. Гуфта мешавад, ки киштинишинҳо ба низомиёни исроилӣ муқовимат нишон надоданд.
Чанд рӯз пеш нахустин корвон бо кумаки башарӣ барои навори Ғазза мавриди ҳамлаи нерӯҳои баҳрии Исроил қарор гирифт ва дар задухӯрд 9 тан аз фаъоли ҳуқуқи башар кушта шуданд. Ин ҳамла аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳкум карда шуд ва боиси таниши лафзӣ миёни Исроил ва Туркия гардид. 8 нафари дар ин ҳодиса кушташуда - шаҳрвандони Туркия буданд.
XS
SM
MD
LG