Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сад рӯзи нахустини президентии Виктор Янукович


Аз рӯзи дар курсии раисиҷумҳури Украина нишастани Виктор Янукович сад рӯз сипарӣ шуд. Ӯ қаблан эълон дошта буд, ки бо тағйири сиёсати раҳбарони пешини ғарбгарои Украина, субот ва шукуфоии кишварро таъмин хоҳад кард.

Ахиран зимни ироаи як паём ба миллат Виктор Янукович бори дигар раҳбарони “инқилоби норинҷи”-ро дар он айбор намуд, ки иқтисоди кишварро ба бӯҳрони амиқ ворид кардаанд. Ӯ ҳамчунин бори дигар авлавиятҳои ҳукуматашро эълон кард ва гуфт, ки “ман ислоҳоти амиқ ва навсозии зина ба зинаи кишварро пешниҳод мекунам, ки ҳама вилоёт ва ҳама бахшҳои зиндагии ҷомеъаро фаро мегирад ва мавҷи нави дигарсозиҳои комилан ногузири иҷтимоиву иқтисодиро комил месозад”.

Ҳукумати Виктор Янукович ҳамчунин барномаи панҷсолаи хусусигардонӣ, мубориза бо фасод ва тағйири системи раъйдиҳиро таҳия кардааст.

Русия ва Украина дубора “братья на веки”

Баъди нишастан дар курсии раисиҷумҳур дар моҳи феврали соли равон, Янукович ба тағйироти густардае шурӯъ намуд, ки ҳадафи аслии он – эҳёи равобит бо Русия буд. Замони раёсатҷумҳурии Виктор Юшенко робитаҳои Маскаву Киев ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шуда буданд. Як мушкили умда - ҳузури Флоти баҳрии Сиёҳии Русия дар шаҳри Севастопол буд, ки ду моҳ қабл дар музокироти Янукович бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳал шуд.

Тибқи қарордоди ҷадид, Флоти Русия имкон пайдо намуд, ки то соли 2042 дар нимҷазираи Қрим боқӣ бимонад. Бар ивази ин Маскав қимати газро барои Украина пойин бурд ва гуфта мешавад, ки аз он Украина даҳҳо миллиард доллар сарфа хоҳад кард. Ин созиш, ки аз сӯи парлумонҳои ҳарду кишвар пазируфта шуд, сатҳи равобит миёни Маскав ва Киевро дар сатҳи қабл аз раёсати Юшенко қарор дод ва акнун Русия бо истифода аз афзоиши нуфузаш барои муттаҳид кардани ширкати “Газпром” ва ширкати нафту гази Украина талош дорад.

Ахиран Верховная Рада ҳамчунин тарҳи қонунеро пазируфт, ки бар пояи он Украина аз ин баъд барои шомил шудан ба Паймони НАТО иқдом нахоҳад кард. Русия борҳо эълом дошт, ки ба Украина ва Гурҷистон ба НАТО қатъӣ мухолиф аст.

Дӯстӣ ба хотири ғорати Украина?

Ба гуфтаи коршиносон, ин гомҳои бардоштаи Виктор Янукович асосан дар манотиқи шарқии Украина пуштибонӣ меёбанд. Мухолифини раисиҷумҳур, ки аксари ҷонибдоронашон дар вилоёти ғарбии Украина ба сар мебаранд, мегӯянд, Янукович мехоҳад ғорати Украинаро идома диҳад ва аммо ин дафъа бо кумак ва пуштибонии Русия.

Ба гуфтаи Серҳей Соболев, узви парлумони Украина аз эътилофи Юлия Тимошенко, ҳадафи Янукович – афзоиши сармояи олигархҳои украин ва дастёбӣ аз пуштибонии онҳоест, ки мехоҳад бо ҳар қимате гази арзони русиро дастрас намоянд.

Ӯ мегӯяд, “рӯшан аст, ки Русия гази арзонро фақат барои як чиз медиҳад – барои ғорати муассисаҳои калидии давлатӣ, он муассисаҳое, ки онҳо қаблан натавонистанд соҳибияшон кунанд, аз ҷумла, муассисаҳои нафту газ, энержии ҳастаӣ, ҳавопаймосозиро”.

Аз нигоҳи коршиносон, олигархҳо воқеъан ҳам вориди долонҳои ҳукумати Украина шуда ва дар тасмимгириҳо нақши муҳим доранд.

Таваққуф ба фойидаи Аврупо


Серҳей Лиовихин, полковники собиқи милиса ва раҳбари дафтари Янукович, ки аз сӯи олигархи маъруф Дмитро Фиртэша ва вазири энерҷӣ Юрий Бойко пуштибонӣ мешавад, яке аз чунин шахсон унвон мешавад.

Аммо Лиовихин то куҷо барои “фурӯхтани Украина ба Русия” манфиатдор аст? Ба гуфтаи худи Лиовихин, рӯ сӯи Маскав кардани Киев маънои онро надорад, ки Украина пушт ҷониби Ғарб кардааст. Ба гуфтаи ӯ, “Аврупо аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати хориҷии раисиҷумҳур боқӣ мемонад”.

Ба назар мерасад, ки Виктор Янукович воқеъан ҳам мехоҳад дар бозсозии сиёсаташ таваққуф кунад.

Вадим Карасев, раиси Пажуҳишгоҳи стратегияи умумии шаҳри Киев, мегӯяд, ки ҳукумат хостори побастагии комил аз Русия нест ва талош хоҳад кард, то тавозуни ҳамкориҳояш бо Русияву Ғарбро барқарор кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат хуб мефаҳмад, ки хатари аз сӯи Маскав пурра “харида шудан”-и Украина вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG