Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои нави ҷилавгирӣ аз ихроҷи нафт


Мақомоти ИМА мегӯянд, ки дар талошҳои ҷилавгирӣ аз ихроҷи нафт аз чоҳи тахрибшуда дар халиҷи Мексика, андаке ҳам бошад, комёб шудаанд. Тэд Аллен, адмирали ҳифзи соҳилҳои Амрико, ахиран изҳор намуд, ки ширкати British Petroleum кашидани нафти хом аз ин чоҳро шурӯъ кардааст ва ҳамарӯза тақрибан 6 ҳазор бушка нафт ба даст меоварад. Ва аммо ин фақат тақрибан сеяки нафтест, ки ҳамарӯза аз ин чоҳ ба обҳои халиҷ мерезад. Тед Аллен ба хабарнигорон гуфт, "дар 24 соати пурраи рӯзи гузашта онҳо сатҳи истеҳсолро боло бурданд ва тавонистанд, ки аз ин чоҳ 6 ҳазор бушка нафт бикашанд. Ҳадаф он аст, ки кашидани нафт аз чоҳ идома ва афзоиш ёбад, фишор аз чоҳ пойн шавад ва умедворем, нафте, ки тавассути вентилҳо ба об мерезад, камтар хоҳад шуд".
Тайи 47 рӯзи ихроҷи нафт аз чоҳи тахрибшудаи ширкати British Petroleum миқдори бузурги нафти хом ба обҳои халиҷи Мексика рехта ва соҳилҳои чаҳор аёлати ҷанубии Амрико – Луизиана, Алабама, Миссисипӣ ва Флоридаро олуда сохтааст. Мутаххассисон ин ҳодисаро “бузургтарин фоҷиаи муҳитизистӣ” дар Амрико ном мебаранд.
XS
SM
MD
LG