Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди ҷаҳон аз бӯҳрон зудтар берун мешавад


Вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии бист кишвари пешрафтаи ҷаҳон ба натиҷае расиданд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ назар ба интизорот зудтар аз бӯҳрон берун мешавад. Изҳороти онҳо дар ин бора дар ҷараёни нишасташон дар шаҳри Сеул, пойтахти Кореяи ҷанубӣ, нашр шуд. Нишасти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказӣ - як бахши омодагиҳо ба нишасти сарони “бистгона” аст, ки охирҳои моҳи равон дар Канада доир хоҳад шуд.
Дар мулоқоти Сеул вазирону бонкдорон афзоиши касри буҷа дар бархе кишварҳоро чун таҳдиди аслӣ ба иқтисоди ҷаҳон арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки мушкилоти молиявӣ дар Юнон қурби евро, пули ягонаи аврупоиро, хело пойин бурдааст. Дар нишаст ҳамчунин мавзӯи таҳкими танзими фаъолияти бонкҳо низ баҳсу баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG