Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон евроҳояшро бо доллар табдил карданӣ нест


Бонки марказии Эрон иттилоъ дар бораи тасмимаш оиди фурӯхтани миллиардҳо евроро рад кард. Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки Теҳрон аз бӯҳрони молиявӣ дар бархе кишварҳои Аврупо нигарон аст ва мехоҳад захираи евроро бо дигар арз, аз ҷумла, бо доллар табдил кунад. Ва аммо имрӯз расонаҳои эронӣ ба такя ба изҳороти Маҳмуди Баҳманӣ, раиси Бонки миллии кишвар, хабари фурӯши евроро такзиб намуданд.
Соли 2008, баъд аз сар задани бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, Эрон 83 миллиард доллари хазинаи давлатиро ба евро табдил карда буд.
XS
SM
MD
LG