Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се нафар дар таркише дар Панҷвай


Бар асари инфиҷор дар ҷануби Афғонистон як корманди полис ва ду сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Шоҳ Борон, раиси ҳукумати волусволии Панҷвайи вилояти Қандаҳор, хабар дод, ки як мошини боркаши полис дар ин минтақа бар мина бархурдааст. Ҳангоми таркиш аз ин роҳ як худрав ҳам убур мекард. Дар ин ҳодиса ҳамчунин як корманди полис ва се сокини осоишта маҷрӯҳ шудаанд.
Волусолии Панҷвай дар наздикиҳои шаҳри Қандаҳор ҷойгир аст, ки он ҷо ҳафтаҳои наздик бояд амалиёти густардаи низомии НАТО ва артиши Афғонистон алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG