Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: Таҳримоти нав алайҳи Эрон кори амалист


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия зимини нишасте бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар Берлин гуфтааст, барои эъмоли таҳримоти бештари байналмилалӣ алайҳи Эрон тавофуқи назар ҳосил шудааст.

Аммо гуфтааст, Дмитрий Медведев, “ҳеҷ кас талабгори таҳрим нест” ва ӯ умедвор аст, ки Эрон садои ҷомеаи ҷаҳониро мешунавад.

Раиси ҷумҳури Русия зимни сафараш ба Олмон бо Ангела Меркел, садри аъзами ин кишвар доир ба масоили мухталиф, сар аз таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эрон, то ҳамкориҳои Русия бо Иттиҳодияи Аврупо гуфтӯгу кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазирикоҳои хориҷии Русия низ гуфтааст, мухолифи шитобзадагӣ дар тасвиби қатъномаи навбатӣ барои таҳрими Эрон дар ША СММ мебошад.

Аммо гуфтааст, ӯ ба сурати усулӣ пешнависи қатъномае, ки дар Шӯрои Амният тарҳ шудааст, ки манфиъатҳои Русия ва Чинро низ фаро мегирад.

Сергей Лавров ҳамчунин гуфтааст, ки нуктоти ба гуфтаи ӯ фалаҷкунанда аз пешнависи қатънома хориҷ шудааст ва қатънома сирфан масъалаи ҷилавгирӣ аз имкони густариши силоҳи ҳастаиро пешбинӣ мекунад.

Вазири коҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки бояд ба аъзои ғайридоими Шӯрои Амният низ фурсати кофӣ ҷиҳати расидагӣ ба пешнависи таҳи қатънома дода шавад.

"Бархе аъзои ғайридоим мухолифанд"

Туркия, Бразилия ва Лубнон аз аъзои ғайридоими Шӯрои Амният ҳастанд, ки то ба ҳол бо таҳрими Эрон мухолифат кардаанд. Гузашта аз ин бо миёнҷигари Туркия ва Бразилия Эрон дар чанд ҳафтаи пеш мувофиқа намуд, ки урани камтар ғанишудаи худро барои ғанисозии бештар ба Туркия бифиристад.

Шарте, ки қаблан аз сӯи Оҷонси нерӯи ҳастаӣ пешниҳод шуда буд ва Русия хост, то урани Эронро ғанисозӣ кунад ва ба ин тартиб миёнрави ин қазия шавад, аммо Эрон онро рад карда буд.

Вале кишварҳои узви доими Шӯрои Амнияти СММ ба шумули Русия ин иқдоми Эронро барои итминони хотир додан дар бораи барномаи сулҳомези ҳастаияш, нокофӣ хонданд.

Акнун пешнависи қатъномаи нави ША СММ ба ҷуз таҳрими таслиҳотӣ, инчунин, бонки Эрон ва бархе ширкатҳо ва мақомҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро низ дар бар мегирад.

Ин дар ҳолест, Эрон ҳар гуна иттиҳом дар мавриди кушиши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро ҳамвора рад кардааст. Акнун низ мақомоти Эрон ба идомаи сиёсати ғанисозии урон ҳамчунон таъкид варзида ва аз таҳримҳои нав ҳушдор додаанд.
XS
SM
MD
LG