Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди Русия ва Олмон ҷиҳати рафъи низоъҳо


Олмон ва Русия пешниҳод кардаанд, то як кумитаи нави амниятӣ таъсис шавад ва меъёрҳои муштараки низомӣ ва ғайринизомии рафъи бӯҳронҳо аз тарафи Русия ва Иттиҳодияи Аврупоро таъйин кунад. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи шанбе баъди мулоқоташон дар шаҳри Берлин, ба хабарнигорон гуфтанд, аввалин масъалаи мавриди назар, метавонад, низоъи Трансднестер бошад, ки ду даҳсола боз Русия, Украина, Молдова ва Иттиҳодияи Аврупоро гирифтор кардааст. Дар робита ба Эрон, Дмитрий Медведев гуфт, дар масъалаи эъмоли таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эрон тавофуқи назар ҳосил шудааст. Медведев афзуд, “ҳеҷ кас талабгори таҳрим нест” ва ӯ умедвор аст, ки Эрон садои ҷомеаи ҷаҳониро мешунавад.
XS
SM
MD
LG