Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баёнияи Медведев дар мавриди таҳримот алайҳи Эрон


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, дар робита ба эъмоли таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эрон тавофуқи назар ҳосил шудааст. Дмитрий Медведев, зимни нишасти хабарии муштарак бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар шаҳри Берлин гуфтааст, “тавофуқ дар мавриди таҳримот вуҷуд дорад.” Аммо гуфтааст, Дмитрий Медведев, “ҳеҷ кас талабгори таҳрим нест” ва ӯ умедвор аст, ки Эрон садои ҷомеаи ҷаҳониро мешунавад. Дмитрий Медведев, ки рӯзит ҷумъа вориди Олмон шуд, бо Ангела Меркел доир ба масоили мухталиф, сар аз таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эрон, то ҳамкориҳои Русия бо Иттиҳодияи Аврупо гуфтӯгу кардааст.
XS
SM
MD
LG