Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико мегӯяд, барои танбеҳ додани Куриёи Шимолӣ, ки як киштии ҷангии Куриёи Ҷанубиро ғарқ кард, дар андешаи гузинаҳои фаротар аз гузинаҳои Созмони Милал аст.

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, дар як ҳамоиши амниятӣ дар Сингапур гуфт, бояд подоши амалкардашро бубинад, ки бар асари он 46 маллоҳи Куриёи Ҷанубӣ кушта шуд ва танишҳо низ дар ин нимҷазираи Куриё авҷ гирифт.

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико дар ҳамоиши амниятии Сингапур гуфт, Куриёи Шимолӣ барои ғарқ кардани киштии ҷангии ҳамсоякишвараш бояд подоши ин корашро бубинад. Роберт Гейтс гуфт, ин “масъулияти муштараки” кишварҳои Осиёист, ки ба қазияи мазкур расидагӣ кунанд. Роберт Гейтс гуфт, кишвараш дар андешаи он аст, ки чӣ гуна бо тадобири фаротар аз интихобҳои Созмони Милал, Куриёи Шимолиро танбеҳ диҳад.

Вай афзуд, «мо ҳамроҳ бо Куриёи Ҷанубӣ, размоишҳои муштарак анҷом хоҳем дод ва аз иқдомоти Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳимоят хоҳем кард. Айни замон мо барои ба масъулият кашидани Куриёи Шимолӣ интихобҳои дигарро низ арзёбӣ мекунем. Вазифаи муштараки кишварҳои ин минтақа аст, ки ба ин тавтиаҳо расидагӣ кунанд. Беамалӣ дар ин замина, баробар бо фирори мо аз масъулияти муштарак барои ҳифзи сулҳ ва тақвияти субот дар Осиё хоҳад буд».

Маргбортарин даргирӣ пас аз ҷанги солҳои 50-ум

Куриёи Ҷанубӣ, мегӯяд, ҳамсоякишвари коммунистиаш моҳи март киштии ҷангии Чеонанро бо торпедо ва ё аждар ғарқ кард ва ин қазияро рӯзи чоруми июн ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал кашид. Ин ҳодисаи маргбортарин пас аз ҷанги Куриё дар солҳои 1950 то соли 1953 маҳсуб мешавад.

Куриёи Шимолӣ мегӯяд, ғарқ шудани киштии ҷангӣ кори дасти Пхенян нест ва ин Ли Мюнг Бак, раисиҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ аст, ки бо роҳандозии чунин баҳонае хостааст, то шанси пирӯзиаш дар интихоботи маҳаллӣ дар Куриёи Ҷанубиро бештар кунад.

Куриёи Шимолӣ чанд дафъа ҳушдор дод, ки мумкин ҳар лаҳзае миёни ду кишвар ҷанг сар бизанад.

Чин ба маҳкумияти Пхенян даъват мекунанд

Баёнияи вазири дифоъи Амрико дар Сингапур фишор ба Чинро афзоиш дод, то амалкарди шарики деринааш Куриёи Шимолиро маҳкум кунад. Чин, узви доимӣ ва дорои ҳаққи вето дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал то кунун ба даъватҳои ҷомеаи байналмилал барои маҳкум кардани Куриёи Шимолӣ напайвастааст.

Роберт Гейтс ҳамчунин аз Чин хост, то ҳамкориҳои низомиаш бо Амрикоро аз сар бигирад, ки аз аввали ҳамин сол муттавақиф шудааст. Чин баъди эъломи Амрико барои фурӯши силоҳ ба Тайван бо арзиши миллиардҳо доллар ҳамкориҳои низомиаш бо Иёлоти Муттаҳидаро боздошт.

Роберт Гейтс, гуфт, ин тасмими Чин, амнияти минтақавиро аз зер хароб мекунад. Ӯ ҳамчунин аз ҳукумати Чин, ки Тайванро ҷазираи саркаши худ медонад, даъват кард, ин воқеъиятро бипазирад, ки Вашингтон ба аҳди худ барои мусаллаҳ кардани Тайван пойбанд аст.
XS
SM
MD
LG