Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори қарибулвуқӯъи вазирони Афғонистону Покистон


Вазирони умури хориҷаи Афғонистону Покистон ҳафтаи оянда дар шаҳри Истанбул дидору гуфтӯгу хоҳанд кард. Бино ба хабари вазорати умури хориҷаи Туркия, Залмай Расул, вазири умури хориҷаи Афғонистон ва Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ аз Покистон, дар остонаи конфронси байналмилалии эътимодсозӣ дар Осиё бо Аҳмад Давудоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия, дидор хоҳанд кард. Туркия, як узви Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ ва аз шарикони суннатии Покистону Афғонистон, аз соли 2007 инҷониб саъй дорад, то ин ду кишвар ихтилофоти назарҳояшонро рафъ карда ва дар амри мубориза алайҳи ифротгароии исломӣ ҳамкорӣ кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG