Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фуруди сарбозони Исроил ба киштии кӯмакҳои башарӣ


Артиши Исроил мегӯяд, ки сарбозонаш ба киштии кӯмакҳои башарии озими Навори Ғазза фуруд омаданд ва ба муқовимати хушунатомез ҳам рӯ ба рӯ нашудаанд. Пештар аз ин Исроил ҳушдор дод, ки агар киштии Рейчел Коррӣ дар ҷануби ин кишвар лангар наандозад, нерӯҳои Исроил ин корро ба зӯрӣ хоҳанд кард. Исроил ба маллоҳони киштии 50 километр дуртар аз соҳили Навори Ғазза амр додааст, то дар бандари Ашдоди Исроил лангар андозанд. Соҳибони киштии хусусии кӯмакҳои башарӣ пештар гуфтаанд, ки зимни рӯ ба рӯ шудан бо нерӯҳои Исроил муқовимат нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG