Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози тоҷикон дар назди сафорати Ӯзбакистон


Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷики муқими Амрико бо баргузории гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Ӯзбакистон дар Вашингтон хостанд, то ба гуфтаи онҳо Ӯзбакистон ба муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон хотима диҳад. Алиҷон Шарипов, яке аз баргузоркунандагони гирдиҳамоӣ бо ирсоли имейл ба Радиои Озодӣ навиштааст, ки ҳеҷ кас аз сафорати Ӯзбакистон ба назди эътирозгарон ҳозир нашуд ва номаи дастаҷамъии онҳо ба унвони раиси ҷумҳур Ислом Каримовро ҳам нагирифт. Ҷавонони тоҷик шиор медоданд, ки Ӯзбакистон бо монеъи убури қаторҳои Тоҷикистон шудан, сабаби ранҷ кашидани миллионҳо нафар дар кишвар шудааст. Ҳукумати Ӯзбакистон мегӯяд, бинобар зарфияти ками роҳи оҳанаш наметавонад 2500 вагони Тоҷикистонро ба ин кишвар роҳ бидиҳад.
XS
SM
MD
LG